дурдаст — [دوردست] ҷои дур, ҷои воқеъ дар фосилаи тӯлонӣ, дуродур, дастнорас … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
метафизика — [ميته فزيکه] ю 1. таълимоти фалсафӣ дар бораи асосҳои фавқуттабии ҳастӣ, ба таҷрибаи ҳиссӣ дастнорас будани ашё ва ғ. 2. тарзи тафаккури ғайридиалектикист, ки ҳодисаҳои олами моддиро бидуни алоқамандӣ ва инкишофёбии онҳо баррасӣ мекунад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
норас — [نارس] 1. нарасида, напухта, хом: меваи норас 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои нарасандагӣ ва намерасидагӣ: ақлнорас, дастнорас … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
осмон — [آسمان] фазои бениҳояти атрофи Замин, ки ба назар кабудранг ва гунбадшакл менамояд, сипеҳр; аз осмон афтодани чизе ногаҳонӣ ва муфт ба даст даромадани чизе; осмонро ба сар бардоштан сахт ва баланд доду фарёд кардан; осмон ба сари касе фурӯ рафтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пойнорас — [پانارس] ҷое, ки қадами касе ба он ҷо расида наметавонад; душворгузар; дастнорас … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фуқдон — [فقدان] 1. гум кардан, аз даст додан; гум шудан, аз даст рафтан 2. набудан, дастнорас будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хомтамаъ — [خام طمع] он ки орзуҳои ношуданӣ мепарварад, касе, ки ба чизи нобуда ва дастнорас тамаъ дорад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҳасин — [حصين] а. кит. устувор, мустаҳкам, дастрас; ҳусни ҳасин қалъаи дастнорас, мустаҳкам … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҳисн — [حصن] а. паноҳгоҳ, қалъа; ҳисни ҳасин қалъаи дастнорас … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ